Русские видео

Сейчас в тренде

Иностранные видео


Скачать с ютуб Раҷабгул Қосимова: Ман ҳам моиндарам, вале... в хорошем качестве

Раҷабгул Қосимова: Ман ҳам моиндарам, вале... 2 недели назад


Если кнопки скачивания не загрузились НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу страницы.
Спасибо за использование сервиса savevideohd.ru



Раҷабгул Қосимова: Ман ҳам моиндарам, вале...

Дар сар то сари Тоҷикистон шахсеро пайдо намудан душвор аст, ки Раҷабгул Қосимоваро нашиносад ё номашро нашунида бошад. Ин зани зебою дилкаш бо нақшҳои пурҷозибаи офаридааш кайҳо дар дилу дидаи мардум маъво гирифтааст. Аҷибаш он аст, ки ҳаёти шахсии Раҷабгул Қосимова мисли зиндагии қаҳрамонони дар саҳнаи театр, телевизион ва синамо офаридааш пурпечутоб ва саршори таззодҳои гуногун аст. Маъмулан, кӯдакон дар 7-солагӣ ба мактаб мераванд, аммо вай дар синни 5-солагӣ ба синфи 1 қабул шудааст, дигар ҳунармандон баъди хатми донишгоҳ рӯйи саҳна меоянд, вале ӯ дар 17-солагӣ бе ягон маълумоти касбӣ актриса шуда, дар муддати кӯтоҳ чунон машҳур шуд, ки ин духтари деҳотиро барои таҳсил ба Маскав даъват намуданд. Аммо аз ҳама аҷибаш он аст, ки Раҷабгул Қосимова дар айни ҷӯшу хурӯши эҷодиаш, замоне, ки садҳо ҷавонмардон аз як нигоҳаш обу адо мешуданд, ба марди аз худаш 22 сол калон ба шавҳар баромада, ба 5 фарзанди бемодари ӯ модар шудааст. Оё ҳанӯз худ модар нашуда, ба 5 фарзанди бегона модар шудан барои як зани ҷавон, олуфта ва хеле машҳур душвор набуд? Фарзандони шавҳараш ӯро чӣ хел қабул карданд? Дар бораи моиндар ҳамеша суханони бад мегӯянд, Раҷабгул Қосимова чӣ гуна моиндар аст? Ин зани машҳур дар бораи хушдоманаш чиҳо мегӯяд? Ба ҳамаи ин суолҳо шумо метавонед аз барномаи “Пайроҳаи зиндагӣ” посух бигиред. Дар ин барнома Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Равҷабгул Қосимова тамоми сирру асрори зиндагиашро нақл карда, хотираҳояшро нақл мекунад.

Comments