Из-за периодической блокировки нашего сайта РКН сервисами, просим воспользоваться резервным адресом:
Загрузить через ClipSave.ruУ нас вы можете посмотреть бесплатно Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба рӯзи дониш или скачать в максимальном доступном качестве, которое было загружено на ютуб. Для скачивания выберите вариант из формы ниже:
Роботам не доступно скачивание файлов. Если вы считаете что это ошибочное сообщение - попробуйте зайти на сайт через браузер google chrome или mozilla firefox. Если сообщение не исчезает - напишите о проблеме в обратную связь. Спасибо.
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса savevideohd.ru
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи накӯ дар Рӯзи дониш бо кормандони соҳаи маориф мулоқоти самимӣ доир намуданд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи кормандони соҳаи маорифи кишвар, устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон ва иштирокдорони мулоқотро бо фарорасии соли нави таҳсил самимона шодбош гуфтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми маорифи кишвар ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст. Таъкид гардид, ки якуми сентябри ҳар сол садҳо ҳазор кӯдакони хушбахти замон дар фазои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва бо умеду орзуҳои зиёд аввалин маротиба ба остонаи муассисаҳои таълимӣ қадам мегузоранд ва ба омӯзиши саводу дониш, одобу ахлоқ ва илму маърифат оғоз менамоянд. Мулоқоти имрӯза ба ифтихори соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш дар бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 19-и шаҳри Душанбе, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ дар пойтахти кишвар ба шумор рафта, дар он беҳтарин шароити илму донишомӯзӣ муҳайё карда шудааст, баргузор гардид.