Из-за периодической блокировки нашего сайта РКН сервисами, просим воспользоваться резервным адресом:
Загрузить через ClipSaver.ruУ нас вы можете посмотреть бесплатно Чаро Соли Навро ҷашн мегиред? - چرا کرسمسرا جشن مگرد؟ или скачать в максимальном доступном качестве, которое было загружено на ютуб. Для скачивания выберите вариант из формы ниже:
Роботам не доступно скачивание файлов. Если вы считаете что это ошибочное сообщение - попробуйте зайти на сайт через браузер google chrome или mozilla firefox. Если сообщение не исчезает - напишите о проблеме в обратную связь. Спасибо.
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса savevideohd.ru
Чаро Соли Навро ҷашн мегиред? - چرا کرسمسرا جشن مگرد؟ Ин мавзуъ таваҷуҳи маро ҷалб кард ва дар ҷустуҷӯи реша ва пайдоиши ин рӯзҳои мазҳабии Исавиҳо шудам. Вақте аз онҳо савол мекунед, ки чаро ин рӯзҳоро яъне “Соли Навро” ҷашн мегиред, мегӯянд ки дар ин рӯзҳо таввалуди Исои Масиҳ мебошад ва баъзеҳо аз хаёлот қисса мекунанд вале ҳеҷ далеле барои ин идаоҳои худ надоранд. Фалсафаи дуруғини марди пир бо риши сафед ва шиками калон бо либос ва кулоҳи сӯрх ва музаҳои сиёҳ, ки гуё аз тарафи шимол поён омада ва дар ними шаб барои кӯдакон туҳфа меоарад. Ҳамаро маҷбур ба хариди тӯҳфа мекунад, волидайн ҳам ин дуруғро ба фарзандони худ таблиғ карда ва фардои он рӯз кӯдакон бесаброна мунтазири гирифтани тӯҳфаҳои худ аз тарафи марди пир яъне “Бобои Барфи” мебошанд. Волидайн ин хаёлотро дар зеҳни фарзандони худ ҷой карда ва худи онҳо шабу рӯзро ба шаробнушӣ, айёши ва хуш гузаронӣ сипари мекунанд, ҳаммаи инҳо хаёлбофии ҷомеаи Ғарбӣ мебошад, ки фақат мардумро водор борои хариди ашёи ғайризарури менамояд. Аммо ин рӯзҳои муҳими Исавиҳо мебошад, дар ҳоле ки фойдаи сармоядорон зиёдтар аст, дар ин ҷо хушбоварӣ ва Ақидаи ғалати Ғарбиҳо матраҳ нест балки таасуфи ман болои баъзе аз мусалмононест, ки тақлиди кур-куронаи Ғарбиҳоро мекунанд, бидуни он ки бидонанд ҷашн гирифтани ин рӯзҳо мухолифи арзишҳо ва асосҳои Ислом мебошад. Ҳар он чизе, ки аз Ислом набошад дар он хайр ва баракате нест пас зарур аст бидонем, ки Ислом дар ин маврид аз мо чи хостааст, ҳамин тав не? -Бале Исломи азиз барои рафъи иштибоҳфаҳми ва дури аз гуноҳ, барои мо мавзуъи Ҳазорат ва Маданиятро тавзеҳ додааст, ки то бидонем ба чи амал намоем ва аз чи дури кунем. Ҳазорат ва Маданият, яъне чист? Ҳазорат, Арзишҳо ва Пиндорҳои ҷомеаро мегуянд, ки аз Ақидаи инсонҳои он ҷомеа сарчашма гирифта ба он эътибор карда ва амал мекунанд, масалан “Соли Нави” “Феминизм” “Рӯзи Ошиқон” “Ҷудоии Дин аз Зиндагӣ” ва ғайра, инҳо ҳама арзишҳое мебошанд, ки аз Ақидаи Ғарбӣ яъне “Ҷудокунии Дин аз Ҳаёт” сарчашма гирифтааст. Барои ҳамин эътибор ба амал ва Ҳазорат яъне Пиндорҳо ва Арзишҳои Ғарбӣ барои Мусалмонон ҷоиз нест ва амал ба он ҳаром мебошад. Маданият, шаклҳои моддии чизҳост, ки дар баъзеи онҳо фикр ва ё арзишҳои ғайри Исломӣ нуҳуфтааст, ба таври мисол: Салиб ва дарахти Соли нави, ки аломати дини Исавиҳо мебошанд ва ё муҷассамаҳои ҳайвонот ва бутҳо, пас истифодаи ҳамин гуна ашёҳо барои мусалмонон ноҷоиз ва ҳаром мебошанд. Аммо ашёе, ки аз ақида ва пиндорҳои ғайри исломӣ сарчашма нагирифта бошад, истифода ва амал кардан ба он ҳич монеъаи шаръие надорад, монанди технология, воситаи табобат ва дигар воситаҳое, ки ҷиҳати пешбурди зиндагии инсоният аст. Мутаасифона ин мавзуъро баъзе аз мусалмонон надониста ба арзишҳои ғайри исломӣ амал мекунанд. Ба таври мисол дар ин рӯзҳои охири моҳи декабр баъзе аз мусалмонон ҳамонанди ғарбиҳо омодаги гирифта хонаҳои худро бо чароғҳои рангоранг ва арчаи соли нави ороиш медиҳанд, ва як навъ хушии бе маъноро дар байни оилаи худ еҷод карда ва ягон ҷавоби қонеъкунандае барои ҷашни имрӯз ва барои фарзандони худ ҳам надоранд, зеро имрӯзҳо ҳеч иртиботе ба ислом ва арзишҳои он надорад ва дар охир ин кӯдакон дар як равиши номаълум бузург шуда ва худ намедонад ба кадом роҳ ва равиш амал кунад, зеро номаш Аҳмад аст, аммо монанди Саша ва Андрей амал мекунад, ки ин зарба ба шахсияти ҳар як мусалмон ба хусус ҷавонон мезанад. Дар айни ҳол онҳо аз арзишҳои исломӣ дур нигоҳ дошта мешаванд. Ҳатто онҳо аз омадани моҳи рамазон ва идҳо ва дигар рӯзҳои боарзиши Исломӣ бехабаранд ва ягон маълумоте доир ба ин рӯзҳо ва арзишҳо надоранд, ки ин як зарари бузург дар муқобили фарзандони мо буда ки баъзан ҷуброни он номумкин мебошад. Пайғамбар (с.а.в) мефармоянд: “Ҳар касе, ки ба кадом қавм пайрави намояд ӯ аз онҳост.” Эй хоҳарон ва бародарони мусалмонам иззати мо дар тақлиди Маданияти Ғарбиҳо нест! Ҳазрати Умар (р) фармудааст: “Мо қавме ҳастем, ки Аллоҳ моро бо Ислом азиз гардонид ҳар вақте, ки азизиро дар ғайр аз Ислом биҷӯем Аллоҳ моро хор хоҳад кард!” Беҳтар аз Аллоҳи Мутаъол ки медонад, ки хушии бандагонаш дар чи ва дар куҷо мебошад зеро Аллоҳи Мутаъол холиқи инсон, ҳаёт ва коинот мебошад!