Русские видео

Сейчас в тренде

Иностранные видео


Скачать с ютуб Хоҳиши занҳои деҳа бароварда шуд в хорошем качестве

Хоҳиши занҳои деҳа бароварда шуд 2 года назад


Если кнопки скачивания не загрузились НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу страницы.
Спасибо за использование сервиса savevideohd.ru



Хоҳиши занҳои деҳа бароварда шуд

ХОҲИШИ ЗАНҲОИ ДЕҲОТ БАРОВАРДА ШУД "Солҳои 2022-2026 дар Тоҷикистон солҳои рушди сноат эълон карда шавад." ин нуқтро Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои-миллат муҳтарам Эмоамлӣ Раҳмон дар паёми худ, 26 декабри соли 2021 ба Мамҷлиси оли Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа карда буданд. Ин дастури Пешвои-миллат дар вилояти Хатлон иҷро гардидаистодааст. Қаҳрамони мо бо ба истифода додани кооперативи истеҳсолии "Савлати маҳмуд"-и худ дар амалмишавии ин дастур саҳм гузошт. Ҳоло Дигар меваи хатлонӣ дар ин корхона коркард шуда аз он шарбату афшура истеҳсол мегардад. Чарои ин корхонаи саноатиро холаи Савлатмо барқарор арданд? -Чанд сол пеш ин корхонаро бародарам истифода мекард. Аммо бо сабабҳои барои худаш маълум ин корхона аз фаъолият боз монд. Ман хело ғамгин шудам, зеро ман ҳам дар он ҷо кор мекардам. Аз байн чанд сол гузашт ва ин корхона ба харобазоре табдил меёфт. Рӯзе занҳои ин маҳала назди ман омаданд ва гуфтанд, ки танҳо ту метавони ин корхонаро дубора барқарор намои. Дар аввал ман аз худ бовари надоштам, вале намедонам аз чӣ бошад сухани занҳои маҳала ба ман таъсир карду пайи азнавсозии корхона гардидам. ба худ гуфтам Савлатмо то ҷойе метавони кор куну ин коргоҳро соз ва занҳои маҳаларо бенаво нагузор. Ҳамин тавр ман коргоҳи истеҳсоли шарбату афшураи мевагиро сохтам, мегӯяд холаи Савлатмо Файзова. Қаҳрамони мо ба хотири дубора барқарор кардани корхонаи болозикр хело талош мекунад. Заҳматҳои ин занро дида шавҳараҳ ба ӯ кумак мерасонад. Онҳо тариқи лоиҳи USAID рушди аргобизнес дар Тоҷикистон таҷҳизотҳои истеҳсоли шарбату афшураро мегиранд. Дар ҳоли ҳозир аз боғи назди корхона шарбату афшураи омода кардаистодаанд. Нақша доранд, ки аз дигар шаҳру навоҳии вилоят меваҳои гуногунро харидори карда, истеҳсолро зиёд намоянд. Бояд гуфт, ки вилояти Хатлон вилояти аграрист. Солҳои қабл аз аз ин вилоят танҳо мева содир карда мешуд. Ҳоло бошад дар доираи рушди босуръати саноатикунонии мамлакат дар ин минтақаи кишвар низ оҳиста-оҳиста корхонаҳои хурду бузурги саноати кушода шудаистодааст. "Савлати маҳмуд" гувоҳи гуфтаҳои боло шуда метавонад. Дар замоне, ки ин корхона кор мекард, дар як рӯз иқтидори то 500 дона банкаҳои шарбату афшура омода карданро дошту халос. Баъди дубора эҳё гардидану бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳаз шудан, имконияти дар як рӯз то 10 ҳазор дона банкаҳои шарбату афшураи меваро истеҳсол карданро дорад. Дар ин корхонаи хурди саноати дар як рӯз мисли пештара то 500 дона банкаҳои афшураи зардолу ва шарбати олуча омода гардида, як қисми мағозаои ноҳия Ҷайҳун таъмин карда мешавад. Чун корхонаи мазкур баъди дубоар эҳё гардидан як моҳ мешвад, ки ба кор шурӯъ кардааст. Дар баробари фаро расидани мавсими пухтани меваҳо дар шаҳру навоии вилоят онҳо истеҳсолро зиёд мекунанд. Аслан кори корхонаи мазкур мавсими буда, дар як мавсим то 30 нафар занҳои деҳотӣ ба кор ҷалб мегарданд. Савлатмо Файзова ният дорад, ки ҳарчи зуддтар иқтидору истеҳсолро зиёд гардонида корро дар корхона доими кунад. Ӯ мехоҳад аз сардхонаи назди корхонаи худ истифода намуда меваҳоро барои фасли сармо нигоҳ дорад. Дар давоми суҳбат холаи Савлатмо, ки сарварии ин корхонаро ба ӯҳда доранд гуфт: " Ман аз хурди орзуи соҳибкор шуданро доштам. ҳамаеша барои расидан ба ин ниятам кушиш мекардам. Мехостам дар ин самт таҳсил карда, соҳибкорӣ бузург гардам. Аммо бо наубди шароити таҳсил дар соҳаи тиҷорат дар дилам орзу монд. Танҳо курси шашмоҳаи экономиро гузаштаму халос". Ин зани соҳибкор баъди хатми мактаби №1-и деҳаи Пушкини ноҳияи Вахш ба шавҳар мебарояд. Дар дилаш, ки меҳри соҳибкор шудан ҷӯш мезад дар хонаи шавҳар ба фаъолияти хурди соҳибкорӣ машғул мегардад. Ӯ аз як бозор маҳсулот харида дар бозори дигар бо нархи нисбатан гаронтар мефӯрухт. -Солҳои 1991 буд мо дар Душанбе зиндагӣ мекардем. Шавҳарам дар маошгир буд. Маошаш барои таъмини лавозимоти зиндагӣ кифоят намекард. Ман маҷбур шудам, ки кудаконамро дар хона танҳо гузорам ва ба савдо машғул шавам. Кӯдаконам хурд буданд, вале онҳоро дар хона танҳо гузошта аз бозор пиёз, картошка ва дигар намуди маҳсулоти ниёзи аввали мардумро харида, болояш чанд дирам гузошта, мефурӯхтам. Бо ин васила дар таъмини зиндагӣ ба шавҳарам ёрӣ мерасондам, илова карда гуфт, холаи Савлатмо Файзова. Аммо ин тиҷорати холаи Савлатмо дер давом намеукунад. Фарзандон аз назорати падару модар дур монда аз таҳсил қафо мемонанд. Холаи Савлатмо маҷбур мешавад, ки боз кашонидани бори зиндагиро бар дӯши шавҳараш супорад. Баъдт тавақуфи чандинсола холаи Савлатмо имрӯз ба орзуяш расид. Бо ба кор даровардани корхонаи истеҳсоли шарбати мева ин зани соҳибкорӣ хатлонӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссагузорӣ мекунад. Дар ҳоли ҳозир 13 нафар занҳои соҳибтаҷрибаро ба кор ҷалб намудааст.. Набиҷони САИДАБРОР, "Хатлон" #ҷайҳун #занҳобакорҷалбшуданд

Comments